Ссылки доступа

Қирғизистон ваксинаи "Астразенека"-ро моҳи май дарёфт мекунад


Сарвазири Қирғизистон Улуғбек Марипов хабар дод, ки ин кишвар ваксинаи зидди коронавирус - "AstraZeneca"-ро моҳи май дарёфт мекунад.

Ба гуфтаи вазир, гузаронидани ин ваксина ройгон ва ихтиёрӣ хоҳад буд.

Пештар Қирғизистон барои гузаронидани ваксинаи AstraZeneca 432 ҳазор сӯзандору ва 3,8 ҳазор қуттиҳои махсус барои маҳви сӯзандоруҳои истифодашуда дарёфт карда буд.

Вазири тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Қирғизистон Олимқодир Бейшеналиев қаблан хабар дод, ки рӯзҳои наздик 405 ҳазор моя ваксинаи зидди коронавирус -- "Астразенека" дарёфт хоҳанд кард.

Ба гуфтаи ӯ, Бишкек ваксинаи мазкурро тавассути Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дарёфт мекунад.

Бейшеналиев афзуд, ки аз сарусадоҳо атрофи ваксинаи "Астразенека" дар кишварҳои Аврупо хабар доранд, вале изҳори умед кард, ки СҶТ то расидани ваксина ба Қирғизистон сабабҳои онро пайдо хоҳад кард.

Қирғизистон моҳи марти соли равон иҷрои тарҳи харидории 2,6 млн моя ваксинаи "Астразенека"-ро дар доираи барномаи COVAX боз дошт. Вазири тандурустии он кишвар гуфт, тасмими онҳо ба баҳсҳо атрофи коромадии AstraZeneca дар Аврупо рабт дорад.

XS
SM
MD
LG