Ссылки доступа

Раиси ҳизби навтаъсисро дар Узбекистон дар "майдаавбошӣ" айбдор мекунанд (видео)


Хидирназар Аллакулов.

Хидирназар Оллоҳқулов, раиси ҳизби навтаъсиси "Ҳақиқат ва Тараққиёт"-ро дар Узбекистон дар "майдавбошӣ" айбдор мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 31 март чанд фарди ношинос ба ӯ дар даҳлези хонааш ҳамла карда буданд. Оллоҳқулов баъди он ҳамла ба додгоҳ шикоят бурда буд.

Раиси ҳизби навтаъсис мегӯяд, аризаи вай дар идораи пулис баррасӣ нашудааст.

Ҳамакнун Хидирназар Оллоҳқуловро ҳамон афроде ба додгоҳ кашидаанд, ки рӯзи 31 март ба ӯ ҳамла карда буданд.

"Он рӯз наздики 20 кас ба ман ҳамла карданд ва суханҳои қабеҳу нозасо гуфтанд. Акнун ҳамин афрод маро ба додгоҳ кашидаанд", - гуфт Оллоҳқулов.

Группа неизвестных лиц напала на лидера новой оппозиционной партии в Узбекистане
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:09:36 0:00

Нисбати Хидирназар Оллоҳқулов бо моддаи "Майдаавбошӣ" парвандаи маъмурӣ боз шудааст.

"Ин одамон даъво доранд, ки гӯё рӯзи 31 март ман онҳоро таҳқир карда бошам. Аммо ҳодисаи он рӯз дар навор сабт аст. Ман ин наворро ба мақомот супоридам", - гуфт Оллоҳқулов.

Қарор аст, дар Узбекистон моҳи октябри соли ҷорӣ интихоботи президентӣ баргузор шавад. Мухолифони Узбекистон эълом карданд, ки дар ин интихобот ширкат мекунанд.

XS
SM
MD
LG