Ссылки доступа

Дар Бухоро ду занро бо айби талоши кӯдакфурӯшӣ боздошт карданд


Дар вилояти Бухорои Узбекистон ду зан талош карданд, ки тифли навзодро дар ивази қариб 800 доллар фурӯшанд.

Дар ин бора мақомоти корҳои дохилии Узбекистон иттилоъ медиҳанд.

Ба иттилои мақомоти он кишвар, кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ғиждувони Узбекистон хабар шуданд, ки сокини вилояти Бухоро Ж.Ф. дар ҳамроҳӣ бо модараш талош кардааст, тифли навзоди худро фурӯшад. Ин ду занро ҳангоми интиқоли кӯдак боздошт карданд.

Нисбати занҳо бо моддаи "Одамфурӯшӣ" парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG