Ссылки доступа

Қирғизистон ҳамкориҳо бо Русияро барои бунёди неругоҳ аз сар гирифтанист


Вазири энержӣ ва саноати Қирғизистон Кубаничбек Турдибоев дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, баҳс бо ширкати русии "РусГидро" бар сари сохтмони неругоҳи барқи обии Норини болиро чи гуна ҳал хоҳанд кард.

Ба гуфтаи ӯ, ягона роҳи ҳалли баҳси мазкур аз сар гирифтани ҳамкориҳо бо "РусГидро" аст. "Мо ба ҷониби Русия ин гузинаро пешниҳод кардем. Вале лоиҳаро тағйир додем. Ба ҷои чаҳор истгоҳ, як истгоҳ бунёд хоҳад шуд. Вазорати энержии Русия пешниҳоди моро пазируфт. Ҳоло машваратҳо идома доранд. Ҳамчунин мо раҳбарияти "РусГидро"-ро барои гуфтугӯ мунтазир ҳастем", - изҳор дошт вазир.

Соли 2012 ҳукумати Русия бо Қирғизистон дар бораи сохтмони неругоҳҳои Қамбарота-1 ва силсиланеругоҳҳои Норини болоӣ шартнома баст. Ин неругоҳҳо аз сӯи ширкати "РусГидро" бояд сохта мешуданд.

Аммо баъди қатъи корҳо дар соли 2015 Қирғизистон якҷониба шартномаро бекор кард. Дар робита ба ин ҷониби Русия талаб дорад, ки Қирғизистон бояд 37 миллион доллари харҷшударо баргардонад.

Бишкек мегӯяд, харҷ аз ҳад зиёд нишон дода шудаанд ва бояд додгоҳи ҳакамӣ меъёри воқеии онро муайян кунад.

XS
SM
MD
LG