Ссылки доступа

Дар яке аз маҳбасҳои Қазоқистон ду зиндонӣ бо нишони эътироз қошуқ фурӯ бурданд


Ду зиндонӣ дар маҳбаси наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон "бо нишони эътироз аз шароити нигаҳдорӣ" дастаи қошуқ фурӯ бурдаанд. Дар ин бора мақомоти маҳбаси Қазоқистон хабар доданд.

Ба иттилои мақомот, ин ҳодиса рӯзи 21 апрел рух додааст. Кормандони маҳбас ёрии таъҷилӣ даъват карда, кумаки тиббӣ расонидаанд. Айни замон вазъи сиҳатии он ду маҳбус "муътадил" баҳо дода мешавад.

Дар робита ба ин ҳодиса Комисияи назорати ҷамъиятӣ ба маҳбаси мазкур рафтааст.

Талоши худкушӣ ва муносибати бераҳмона нисбати маҳбусон дар Қазоқистон ҳолатҳои нодир нестанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар бештари маврид маҳбусон дар пайи шиканҷаҳои мудовим ва муносибатҳои бераҳмон даст ба ин кор мезананд.

XS
SM
MD
LG