Ссылки доступа

Сенаторҳои Амрико хостанд, зидди Алишер Усмонов таҳрим ҷорӣ шавад


Раиси Комиссияи Ҳелсинкии Конгресси ИМА бо нашри як изҳорот аз маъмурияти президенти ин кишвар Ҷо Байден даъват кард, ки дар ҷонибдорӣ аз мухолифи зиндонии рус Алексей Навалний фаъолтар бошад.

Дар ин изҳорот ҳамчунин даъват шуда, ки зидди соҳибкорони бонуфуз ва атрофиёни президенти Русия Владимир Путин таҳрим ҷорӣ шавад.

Масъулони комиссия ба хабарҳо дар бораи бадтар шудани вазъи сиҳатии сиёсатмадори рус, афзоиши таъқибҳо алайҳи созмони ӯ (Бунёди мубориза зидди коррупсия дар Русия) ва боздошти иштирокдорони ҳамоишҳои эътирозии 24 апрел дар Русия таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.

"Маъмурияти Байден бояд арзиши кушиши тарсонидани онҳоеро, ки аз Навалний ҷонибдорӣ, Кремлро ба фасодкорӣ айбдор ва ба озодии худ пойфишорӣ мекунанд, барои Путин ва ҳампаймонони боқии ӯ боло барад", - гуфта шудааст дар изҳорот.

Сенатор Роҷер Уикер бо ёдоварӣ аз сӯиқасд ба ҷони Навалний гуфтааст, "ҳоло, ки Навалний боз дар зиндони Русия ранҷ мекашад, мо бояд пешниҳоди ӯ дар бораи эъломи таҳрим зидди наздикону одамони Путин бо шумули Роман Абрамович, Алишер Усмонов, Игор Шувалов ва Николай Токаревро баррасӣ кунем".

Президенти ИМА Ҷо Байден парвандаи Навалнийро сиёсӣ номида, борҳо аз ҳукумати Русия даъват кардааст, ки ӯро озод намоянд.

XS
SM
MD
LG