Ссылки доступа

Эмкунии шаҳрвандони Қазоқистон бо ваксинаи худӣ оғоз шуд


Эмкунии шаҳрвандони Қазоқистон зидди коронавирус бо ваксинаи худии "QazVac", ки ҳанӯз марҳалаи севуми озмоиши клиникии он ба поён нарасидааст, оғоз шуд.

Вазири тандурустии Қазоқистон Алексей Сой яке аз шахсоне аст, ки аввалиншуда бо ваксинаи "QazVac" эм шудааст.

Ваксинаи мазкур дар ду марҳала ба бадани инсон бо фосилаи 21 шабонарӯз гузаронида мешавад. Марҳалаи асосӣ ва севуми озмоиши клиникии ин ваксина 9 июли имсол ба поён мерасад. Ба иттилои расмӣ, дар озмоиши ваксина ҳудуди се ҳазор ихтиёрӣ иштирок кардаанд.

Ибтидои моҳи апрел хабар дода шуд, ки президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев бо ваксинаи русии "Спутник V" зидди коронавирус эм шудааст. Худи ӯ пештар гуфта буд, ки бо ваксинаи қазоқӣ эм мешавад.

XS
SM
MD
LG