Ссылки доступа

Сабукдуш кардани вазири тандурустии Қирғизистонро дар порлумон баррасӣ мекунанд


Кумитаи умури иҷтимоӣ, маориф, илм, фарҳанг ва тандурустии порлумони Қирғизистони пешниҳоди аз вазифа сабукдуш кардани вазири тандурустии он кишвар Олимқодир Бейшеналиевро ба баррасӣ мегузорад.

Чунин тасмим дар порлумони Қирғизистон рӯзи 26 апрел гирифта шуд. Вакилон аз он нигаронӣ карданд, ки Бейшеналиев бори севум ҳангоми баррасии масоили бахши тандурустӣ ба порлумон ҳозир нашуд.

Қарор аст, имрӯз, 27 апрел масъалаи сабукдуш кардани Бейшеналиев аз вазифаи ишғол кардааш баррасӣ шавад.

Кумитаи умумри иҷтимоии порлумони Қирғизистон ҳафтаи пеш низ пешниҳод карда буд, ки Олимқодир Бейшеналиев баъди изҳороташ дар бораи табобати вабои коронавирус бо решаи гиёҳе аз Иссиқкӯли он кишвар аз вазифа сабукдуш шавад.

Бейшаналиев дар як нишасти хабарӣ рӯзи 16 апрел гуфта буд, ки пизишкон дар саросари Қирғизистон табобати гирифторони коронавирусро бо решаи гиёҳ шуруъ кардаанд. Вазир гуфт, ин тарзи табобатро президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов пешниҳод кардааст.

Чанде аз коршиносон ва пизишкон гуфтанд, решаи гиёҳи мавриди назари вазир заҳрнок буда, истифодаи он дар бахши тиббӣ манъ аст.

XS
SM
MD
LG