Ссылки доступа

Дар гирифтории пизишкони Қазоқистон ба коронавирус дар баҳори соли 2020 раиси пешини "СК-Фарматсия"-ро айбдор мекунанд


Дар додгоҳи шаҳри Нурсултони Қазоқистон муҳокимаи парвандаи Берик Шариф, раиси пешини ширкати "СК-Фарматсия" идома дорад.

Шарифи 39-соларо дар лоббигарии манфиатҳои шахсӣ ҳангоми хариди васоили ҳимояи шахсӣ барои кормандони соҳаи тиб дар баҳори соли 2020 айбдор мекунанд.

Ба иттилои тафтишот, Шариф ҳангоми раиси "СК-Фарматсия" будан, пешниҳоди ширкатҳои дигарро дар бораи воридсозии васоили ҳимояи шахсӣ рад карда, танҳо ба воридкунандаи мавриди эътимоди худ бартарӣ додааст.

Дар натиҷа васоили ҳимоияи шахсӣ сари вақт ворид нагардида ва боиси дар хатар гузоштани кормандони соҳаи тиб ва дигар муасиссаҳои давлатӣ шудааст. Дар натиҷа кормандони соҳаи тиб дар моҳҳои апрел-майи 2020 ба таври густарда гирифтори вабои коронавирус гариданд, омадааст дар изҳороти додситонӣ.

Вакилони мудофеи Шариф рӯзи 21 апрел дар додгоҳ гуфтанд, ки бояд парванда қатъ шавад, зеро дар рафтори муфаттишон қонуншиканӣ дида мешавад.

Ширкати "СК-Фарматсия" дар назди вазорати тандурустии Қазоқистон фаъолият мекунад.

XS
SM
MD
LG