Тибқи қарори додгоҳ, 19 гумонбар ба муҳлати аз 5 то 20 сол зиндонӣ шуда, 31 гумонбар, ки "ҷуброни зарарро пардохтанду гуноҳро ба гардан гирифтанд" ба муҳлатҳои гуногун шартан аз озодӣ маҳрум гаштанд. Танҳо як гумонбар ба далели исбот нашудани айбдорияш пурра сафед шудааст.
Айбдоркунандаи давлатӣ пештар барои баъзе аз гумонбарон аз 18 то 20 соли зиндон ва барои бархеи дигар шартан аз озодӣ маҳрум шудан ба муҳлати то ду сол талаб карда буд.
Дар доираи парвандаи низои қавмӣ 51 кас - сокинони чаҳор деҳаи ноҳияи Кордай муттаҳам мешаванд. Ин афрод бо моддаҳои "Бетартибиҳои оммавӣ", "Ғайриқонунӣ ба даст овардан, нигаҳдорӣ ва ба каси дигар додани аслиҳа, муҳимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда", "Тамаъҷӯӣ" ва "Роҳзанӣ" айбдор мешаванд. Дар додгоҳ дар маҷмуъ 60 вакил аз муттаҳамон дифоъ мекунад.
Шаби 8 феврали соли ҷорӣ дар натиҷаи занозанӣ дар деҳаҳои асосан дунганнишини ноҳияи Кордайи Қазоқистон 11 кас кушта, бештар аз 100 кас ҷароҳат бардоштанд. Зиёда аз 20 ҳазор одам, асосан дунганҳо аз маҳалли зисти худ фирор карданд. Бисёре аз онҳо ба Қирғизистон фирор карданд. Ҳукумати Қазоқистон баъдтар хабар дод, ки қисме аз фирориҳо ба манзилҳои худ баргаштаанд.