Ссылки доступа

Foreign Policy: Дар Узбекистон бедори динӣ дар интернет мушоҳида мешавад


Комисияи ИМА дар умури озодиҳои байналхалқии мазҳабӣ (USCIRF) тавсия додааст, Узбекистон "ба сафи кишварҳое шомил карда шавад, ки мавриди нигаронии вижаи ҳукумати ИМА ҳастанд".

Дар гузориши солонаи худ комисия ба хулоса омадааст, ки поймолсозии ҳуқуқ аз сӯи Узбекистон дар соли 2020 "кофӣ буданд, ки ин кишвар шомили рӯйхат карда шавад".

Департаменти давлатии ИМА Узбекистонро аз рӯйхати сиёҳ рӯзи 2 декабри соли 2020 берун карда буд. ИМА он замон Узбекистонро барои "пешравиҳои воқеӣ" дар бахши озодиҳои динӣ ситоиш карда буд.

Дар ҳамин ҳол, бино бар гузориши Foreign Policy, ҳукумати Шавкат Мирзиёев дар нигаҳдории тавозун байни назорати озодиҳои мазҳабӣ ва шаффофият ба мушкил мувоҷеҳ шудааст.

Узбекистон соли 2017 аз "рӯйхати сиёҳ" 16 ҳазор касро берун кард. Ба ҳамин далел ИМА дар соли гузашта ин кишварро ситоиш карда буд.

XS
SM
MD
LG