Ссылки доступа

Як фаъоли ҷамъиятии Қазоқистонро дар маҳбас латту кӯб карданд


Алмат Жумагулов, як фаъоли ҷамъиятиро дар Қазоқистон, ки аз сӯи ҳомиёни ҳуқуқ, маҳбуси сиёсӣ эътироф шудааст, дар маҳбасе дар вилояти Алмато латукӯб кардаанд.

Инга Имонбой, ҳомии ҳуқуқи қазоқистонӣ дар саҳифаи Фейсбук навишт, ки "Ба маҳбаси Заречнӣ кофтукоб сурат гирифт, Алмат Жумагуловро латту кӯб карданд. Ба вакили мудофеъ ниёз дорем".

Аз раёсати маҳбас ин хабарро шарҳ надодад.

Алмат Жумагулов фаъоли ҷамъиятист, ки дар доираи парвандаи маъруф ба "парвандаи ҷиҳодиҳо" дар охири соли 2018 ба 8 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯро дар "тарғиби терроризм" ва "ангехтани хусумати миллӣ" айбдор карданд.

XS
SM
MD
LG