Ссылки доступа

Дар Хоҷаи Ғорбобо чӣ гузашт? Тафсилоти "рабуда шудан"-и ду навраси тоҷик дар марз бо Қирғизистон


Жители Воруха сообщили, что подростков отпустили после вмешательства властей
Жители Воруха сообщили, что подростков отпустили после вмешательства властей

Сокинони ҷамоати Ворухи Исфара, ҳаммарз бо Қирғизистон, мегӯянд, марзбонони ин кишвар талош кардаанд, ки чаҳор наврасро "бибаранд", аммо ду нафар фирор карда, дуи дигар ба даст афтодаанд.

Ҷониби Қирғизистон то ба ҳол ин қазияро тасдиқ ва ё рад накардааст. Мақомот Тоҷикистон низ расман хабар надоданд.

Ба нақли сокинон, ҳодиса рӯзи 25-уми апрел ва замоне рух додааст, ки чаҳор хонандаи мактаби рақами 23-и ҷамоати Ворух барои чаронидани чорво ба мавзеи Хоҷаи Ғорбобо, як қитъаи баҳсӣ, рафтанд.

“Сарҳадбонҳои Қирғизистон талош кардаанд, ки онҳоро ба ҷониби деҳаи Оқсойи ин кишвар баранд. Дар ниҳоят, ду наврас фирор карда, дуи дигар аз тарафи марзбонони Қирғизистон дастгир карда шудаанд”, -- нақл кард як сокини ҷамоати Ворух.

Аз ду наврасе, ки марзбонҳои кишвари ҳамсоя дастгир ва сипас дар пайи мудохилаи намояндагони мақомот озод шудаанд, Осимӣ ва Исфандиёр ном мебаранд.

Бадриддин Шарифов, вакили маҳаллаи Заҳматободи ҷамоати Ворух ва бобои яке аз хурдсолоне, ки аз дасти сарҳадбонҳо фирор кардааст, рӯзи 27-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, наберааш ба ӯ телефонӣ аз дастгир шудани ду ҳамсолаш хабар дод.

Ӯ афзуд: "Ман зуд ба маҳаллаи Ғорбобо рафтам. Аллакай онҳоро бурда буданд. Ба раиси ҷамоат занг задам, телефонро набардошт. Ба фармондеҳи қисми сарҳадбонӣ дар Ворух занг задам. Гӯширо бардошту зуд бо мошин омад, вале балони мошинаш кафид. Пиёда ба самте, ки бачаҳоро бурданд, давидем. Ӯ бо марзбонони қирғиз гуфтугӯ карда, ҳардуро гирифта овард."

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизисон дар робита ба ин қазия чизе нагуфтаанд.

Бадриддин Шарифов мегӯяд, вақте наврасонро оварданд, "ҳарду сахт тарсхӯрда ба назар мерасиданд". Ба қавли ӯ, “наврасон гуфтанд, ки аз рафтан бо сарбозони қирғиз худдорӣ карданд, вале марзбонон маҷбур кардаанд."

“Аз дасти кӯдакон чӣ меояд? Сарҳадбонҳои қирғиз метавонистанд, бачаҳоро ба маҳаллаи зисташон баргардонанд, ҳарчанд ин минтақа ба ҳеч тараф тааллуқ надорад”, -- мегӯяд Шарифов.

Урунбой Холиқов, мудири мактабе, ки наврасон дар он ҷо таҳсил мекунанд, ба Радиои Озодӣ гуфт, "марзбонони қирғиз наврасонро латукӯб карда, бо мили автомат тарс додаанд”.

Мақомоти Қирғизистон то ба ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд. Идораи марзбонии ин кишвар ба суолҳои Радиои Озодӣ дар ин замина то замони нашри матлаб посух нагуфт.

Асрориддин, хешованди яке аз ду наврасе, ки марзбонҳои Қирғизистон “бо худ бурдаанд”, гуфт, аз ин ҳодиса ду рӯз мегузарад, вале на масъулони ҳукумати Исфара ва на вилояти Суғд аз ҳоли онҳо напурсидаанд.

Сокинони Ворух тахмин мезананд, ки "рабудан ва зарбулати хурдсолон" як навъ посухе ба хабари гум шудани ду навраси қирғизистонӣ дар қитъаи дигари марз, ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ва Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон буд.

Рӯзи 24-уми апрел мақомоти Қирғизистон хабар дода буданд, ки шаби 23-юм ба 24-уми апрел ду сокини ноҳияи Лайлаки ҳаммарз бо Бобоҷон Ғафуров бенишон шудаанд. Наздикони онҳо ба мақомоти Қирғизистон муроҷиат карда, гуфтанд, ки ҷавононро марзбонони тоҷик “рабудаанд”. Дертар онҳо хабари дарёфт шудани ин ду қирғизистониро дар ҳудуди Тоҷикистон паҳн карданд.

Дар робита ба ин воқеа рӯзи 26-уми апрел сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон ба Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар даъват шуда, ба ӯ нотаи эътирозӣ супурд.

Мақомоти Тоҷикистон дар робита ба рабуда шудани наврасони тоҷик ва ин эътироз ва ҳам рӯйдоди ахири Ворух тарафи Тоҷикистон ҳеч гуна баёноти расмӣ нашр накардааст.

XS
SM
MD
LG