Ссылки доступа

Дар Узбекистон иттилоъ дар бораи набуди катҳои холӣ дар беморхонаҳоро барои гирифторони коронавирус рад карданд


Дар пайи афзоиши гирифторони вабои коронавирус дар Узбекистон бархе аз сокинон шикоят доранд, ки дар беморхонаи ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд барои гирифторони вабои коронавирус ҷой боқӣ намондааст.

"Гирифторон аз ҳад зиёд аст. Дар бархе аз утоқҳое, ки барои чаҳор бемор пешбинӣ шудааст, ҳафт-ҳашт касро мехобонанд. Шароиташ хеле бад аст", - гуфт як зан ба шарти ифшо нашудани номаш, ки шавҳараш дар беморхона бистарӣ аст.

Чанде пеш мудири театри драма ва мазҳакаи ба номи Муқимии Узбекистон Марзо Азизов, ки дар беморхонаи Зангиота бистарӣ буд, низ аз шароити нохуби беморхона шикоят кард. Азизов миёнаҳои моҳи апрел дар 58-солагӣ аз вабои коронавирус фавтид.

Бино ба омори расмӣ, дар Узбекистон наздики 90 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба вабои коронавирус сабт шудааст. Танҳо рӯзи 26 апрел 300 ҳолати нави гирифторӣ сабт гардидааст.

Дар он кишвар ба далели афзоиши гирифторон марказҳои табобати коронавирусро дубора боз карданд. Ин марказҳо шаш моҳи пеш баста шуда буаднд.

XS
SM
MD
LG