Ссылки доступа

Чанд боғчаи кӯдакона дар Узбекистон ба далели мушкили фанӣ дар вазорати молия бе ғизо монданд


Ба далели сар задани мушкили фанӣ дар низоми UzASBO дар вазорати молияи Узбекистон чанд боғчаи кӯдакона дар он кишвар бе ғизо монданд.

Мудирони бархе аз боғчаҳо гуфтанд, ҳамеша рӯзи 25 ҳар моҳ маблағи аз сӯи давлат ҷудошуда ба боғчаҳо мерасид, аммо ин бор ба далели мушкили фанӣ дар низоми UzASBO маблағи боғчаҳо сари вақт нарасидааст.

Вазорати молияи Узбекистон хабар додааст, ки мушкили фанӣ то 10 май бартараф мешавад.

UzASBO маҷмуи барномаи худкори мураккабе аст, ки ҳамаи муомилоти муҳосиботии муассисаҳои буҷавӣ тавассути ин барнома сурат мегиранд.

"Се рӯз аз муҳлати муқарраршуда гузаштааст, аммо то кунун маблағи вазорати молия нарасидааст. Таъминкунандагони ғизо низ аз овардани маҳсулот худдорӣ мекунанд. Намедонем чи кор кунем, барои фардо ғизо надорем", - гуфт мудири яке аз боғчаҳо дар шаҳри Самарқанди Узбекистон.

XS
SM
MD
LG