Ссылки доступа

Президенти пешини Қирғизистон гуфт, пушаймон аст, ки чаро дар соли 2005 қудратро бо роҳи қонунӣ интиқол надод (видео)


Аскар Оқоев, президенти пешини Қирғизистон бо шабакаи телевизионии "Автор ТВ" мусоҳиба кард.

"Ҳамчун нахустин президенте, ки 15 соли аввали мустақилӣ кишварро идора кардаам, ман як таассуф дорам. Агар дар соли 2005 интихобот баргузор мешуд ва ман қудратро бо дастони худ интиқол медодам, пас таассуф намехӯрдам. Ман иштибоҳ содир карда будам. Аммо ҳамзамон ман барои Қирғизистон корҳои зиёде анҷом додам. Моҷароҷӯёни сиёсӣ медонистанд, ки дар интихоботи озод пирӯз намешаванд, аз ҳамин хотир ним сол пеш аз ба поён расидани муҳлати президентии ман табаддулот анҷом дода, қудратро ғасб карданд. Ва таъсири манфии он то кунун идома дорад", - гуфт Оқоев дар мусоҳиба.

Рӯзи 24 марти соли 2005 дар Қирғизистон ҷумбуши мардумӣ сар зад, ки дар таърих бо номи "инқилоби лолаӣ" машҳур аст. Сокинонро натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ нигарон кардаву ба кӯчаҳо кашид. Дар минтақаҳои Қирғизистон ҳанӯз аз 4 март қудрат ба дасти мухолифон гузашт. Вале рӯзи 24 март дар шаҳри Бишкек гирдиҳамоии густардаи неруҳои сиёсӣ баргузор шуда, дар натиҷа ҳукумати Оқоев сарнагун шуд. Оқоев бо хонаводааш ба Москва фирор кард.

XS
SM
MD
LG