Ссылки доступа

ВУД Қазоқистон ваъда дод, додани шаҳрвандӣ ба фирориёни Шинҷонро баррасӣ мекунад


Қазоқтабори фирорӣ аз минтақаи Шинҷони Чин Кайша Акан, ки моҳи октябри соли гузашта унвони паноҳандаи муваққат дар Қазоқистонро дарёфт кард, 28 апрел бо намояндагони Вазорати умури дохилии ин кишвар видеоӣ мулоқот кард.

Ба гуфтаи Акан, намояндагони ВУД Қазоқистон дар ҷараёни мулоқот ваъда доданд, ки давоми се моҳи оянда масъалаи додани шаҳрвандӣ ба онҳоро баррасӣ мекунанд ва ҳар 20 рӯз аз ҷараёни баррасӣ онҳоро огаҳ мекунанд.

Қазоқтаборони фирорӣ аз таъқибҳо дар Шинҷон Кайша Акан, Мурагер Алимулӣ ва Кастер Мусаханулӣ ҳафтаи гузашта аз мақомоти Қазоқистон дархост карданд, ки ба онҳо шаҳрвандии ин кишвар ё санади сафар ба давлати севумро диҳанд.​ Ин ҳар се қазоқтабор аз Шинҷон фирор карда, ғайриқонунӣ ба Қазоқистон ворид шудаанд.

Муовини сардори Идораи муҳоҷирати ВУД Қазоқистон Ганӣ Шимирбоев пештар тасдиқ карда буд, ки қазоқтаборон барои сафар ба кишвари севум дархости иҷозат кардаанд. Вале ба гуфтаи ӯ, тибқи қонунгузории Қазоқистон, ба шахсоне, ки ғайриқонунӣ марзро гузаштаанд, шаҳрвандии он кишвар дода намешавад.

XS
SM
MD
LG