Ссылки доступа

Дар Туркманистон навбатпоӣ барои маводи ғизоиро "пинҳон" мекунанд


Туркменистан. Иллюстративное фото

Шаҳрдории Туркманобод, маркази маъмурии вилояти Лебапи Туркманистон дар пайравӣ аз мақомоти Ишқобод ба таври сунъӣ аз байн бурдани навбатпоиҳои тӯлониро дар назди фурӯшгоҳҳои давлатӣ оғоз кардааст.

Писари президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ду ҳафта пеш ҷамъ шудани сокинон дар назди фурӯшгоҳҳоро манъ кард. Ӯ гуфт, "навбатпоиҳои тӯлонӣ имиҷи падарашро коста мекунанд".

Бар асоси қоидаи нав, сокиноне, ки аз қабл сабтином шудаанд, ҳақ доранд, танҳо баъди занги фурӯшанда ба фурӯшгоҳ ҳозир шаванд.

Дар Туркманобод, ба фарқ аз Ишқобод навбатпоиро пурра манъ накарда, танҳо ба ҷамъ шудани то чаҳор нафар дар назди фурӯшгоҳ иҷозат дода шудааст. Шаҳрвандони боқӣ навбати худро дар даромадгоҳҳои биноҳои дигар мунтазир хоҳанд монд.

"Кормандони пулис намегузоранд, ки дар назди фурӯшгоҳ аз чор нафар бештар одам ҷамъ шавад. Маҳсулот низ аз дари пушти фурӯшгоҳҳо фурӯхта мешавад. Агар касе эътироз кунад, пулис ӯро ба ҳабс ё хат задан аз рӯйхат таҳдид мекунад", - гуфт як сокини Туркманобод.

XS
SM
MD
LG