Ссылки доступа

Порлумони Қирғизистон ба ҳукумати он кишвар тавсия дод, вазири тандурустиро барканор кунад


Порлумони Қирғизистон ба ҳукумати он кишвар тавсия дод, ки Олимқодир Бейшеналиев, вазири ҳифзи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз мақом барканор шавад.

Изҳороти вазири тандурустӣ дар бораи табобати вабои коронавирус бо решаи гиёҳи аконит аз Иссиқкӯли он кишвар боиси пешниҳоди барканории вай шудааст.

Вакилонро ҳамчунин ҳозир нашудани вазир дар чанд ҷаласаи пешини порлумон нигарон кард. Вакилон ӯро барои ҳисобот додан дар бораи вазъи вабои коронавирус ва воксинзанӣ даъват карда буданд.

Вакилони порлумон гуфтанд, ҳарфҳои вазири тандурустӣ дар бораи табобати вабои коронавирус бо решаи аконит ба нуфузи Қирғизистон дар сатҳи ҷаҳонӣ зарба задааст ва мутаносибан лаёқати Бейшеналиевро ҳамчун шахси масъул ба шубҳа гузоштааст.

Бейшаналиев дар як нишасти хабарӣ рӯзи 16 апрел гуфта буд, ки пизишкон дар саросари Қирғизистон табобати гирифторони коронавирусро бо решаи гиёҳ шуруъ кардаанд. Вазир гуфт, ин тарзи табобатро президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов пешниҳод кардааст.

Чанде аз коршиносон ва пизишкон гуфтанд, решаи гиёҳи мавриди назари вазир заҳрнок буда, истифодаи он дар бахши тиббӣ манъ аст.

XS
SM
MD
LG