Ссылки доступа

Президенти Молдавия Майя Санду порлумонро пароканда кард


Президенти Молдавия Майя Санду

Президенти Молдавия Майя Санду фармони парокандасозии порлумонро имзо кард. Интихоботи пеш аз муҳлат 11 июл баргузор мешавад.

Ба парокандасозии порлумон пештар аз ин Додгоҳи конститутсионии Молдавия баъди он иҷозат дод, ки вакилон натавонистанд, давоми се моҳ ҳукуматро ташкил диҳанд.

Назорати порлумон дар ихтиёри рақиби Санду - президенти пешини Молдавия Игор Додон буд. Ӯро сиёсатмадори рӯ ба Русия медонанд. Баъди имзои парокандасозии порлумон, Додон Сандуро дар ҷоҳталабиҳои хурди сиёсӣ ва ба боди ҳаво партофтани маблағҳои давлатӣ айбдор кард. Ба ҷуз ин, Додон гуфт, президент дар пасманзари вабои коронавирус дар фикри мардум нест.

Санду ибтидои солҳои 2010 вориди сиёсат шуд. Вай ҳизби рӯ ба Аврупои "Ҳизби амал ва ҳамгироӣ"-ро таъсис дод, ки зидди сиёсатмадори сотсиалист Игор Додон ва ҷонибдорони олигарх Владимир Плахотнюк мубориза мебурд.

Ҳамчун роҳбари мухолифон Санду Додонро дар интихоботи президентии тирамоҳи соли 2020 шикаст дод. Санду ҷонибдори рӯ ба Аврупо овардани Молдавия, бо роҳи сулҳомез ҳал кардани низои Приднестровия ва ихроҷи неруҳои низомии Русия аз Приднестровия аст.

XS
SM
MD
LG