Ссылки доступа

Муноқишаи нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. "Аз тири силоҳ захмӣ шудаанд", "занонро ба Бодканд кӯчонданд"


Рӯзи 29-уми апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, миёни сокинони деҳаи Сомониёни Исфара ва Куктоши Бодканд, дубора муноқиша сар задааст.

Сокинони деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ гуфтанд, моҷаро соати чаҳори субҳ шуруъ шуда, ҳарду тараф ба сӯи якдигар санг андохтанд. Дертар садои тирпаронӣ шунида шудааст.

Раёсати корҳои дохилии вилояти Бодканд ҳодисаро тасдиқ карда, аммо шаҳрвандони Тоҷикистонро барои истифода аз силоҳ муттаҳам намуд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон низ гуфтааст, дар минтақа аз силоҳ истифода шудааст.

Сокинони деҳаи Сомониён мегӯянд, "баръакс, тирпарронӣ аз ҷониби дигар буд". Масъулони Бемористони марказии шаҳри Исфара рӯзи 29-уми апрел гуфтанд, як соат пеш се маҷруҳро аз деҳаи Сомониён оварданд.

"Ҳар се нафаре, ки имрӯз оварданд, аз яроқи оташфишон тир хӯрдаанд. Бо яроқи шикорӣ паррондаанд. Ҳозир дар шуъбаи эҳё бистарӣ мебошанд", -- гуфт пизишки беморхонаи марказии Исфара.

Як сокини деҳаи Сомониён дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ду нафари дигар аз тири камони шикорӣ захм бардошта, ба шифохона бурда шуданд. Ҳамсуҳбати мо аз онҳо Оқилбой ва Сатторбой ном бурд.

Расонаҳои Қирғизистон аз захмӣ шудани як шаҳрванди ин кишвар бо тири силоҳи оташфишон хабар додаанд ва мегӯянд, се каси дигар бо зарби санг маҷруҳ гаштаанд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар бораи ҳодисае, ки субҳи 29-уми апрел рух дод, расман изҳори назар накардаанд.

Як намояндаи ҳукумати шаҳри Исфара бе зикри ном гуфт: "Муноқиша се соат идома кард ва пас аз дахолати кормандони умури дохилӣ ва сарҳадбонии ду тараф хотима дода шуд." Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир раиси шаҳри Исфара ва Бодканд мулоқот доранд.

Мақомоти вилояти Бодканд низ гуфтаанд, ҳоло вазъият дар марз бо Тоҷикистон муътадил, вале "буғранҷ" мемонад, чун сокинони ду тараф пароканда нашудаанд.

Дар ҳамин ҳол, бахши қирғизии Радиои Озодӣ гузориш дод, ки субҳи панҷшанбе як гуруҳ аз занону кӯдаконро аз деҳаи Куктош ба шаҳри Бодканд бурда, дар бинои мактаб ҷойгир кардаанд. Ҳамчунин, дар се ҳавзаи ин вилоят вазъи фавқулода эълон шудааст.

Як рӯз пеш, 28-уми апрел, сокинони Хоҷаи Аъло (Исфара, Тоҷикистон) ва Куктош (Бодканд, Қирғизистон) дар наздикии дарғот ё Маркази тақсими оби "Головной" дар марз муноқиша карданд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ин ҳодиса 7 нафар захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дастикам ду сокини ин кишвар мавруҳ шуда, ба бемористон интиқол ёфтанд.

Ҷанҷол баъд аз он оғоз шуд, ки Тоҷикистон хост, дар наздикии Маркази тақсими об дурбинҳои назоратӣ насб кунад. Ба иттилои сокинони Хоҷаи Аъло, пештар дар он ҷо мақомоти Қирғизистон чунин дурбин часпонда буданд, вале сарҳадбонони кишвари ҳамсоя ба насби дурбин аз ҷониби Тоҷикистон мухолифат кардаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин миён танҳо 519 километри он таъйину аломатгузорӣ шуда, боқимонда минтақаҳои баҳсӣ ҳастанд.

Ин вазъ аксар вақт боис ба ихтилофи назар дар истифодаи об ва замин дар байни сокинони минтақаҳои наздимарзӣ шуда, баъзан бо маргу захмӣ шудани сокинон меанҷомад.

XS
SM
MD
LG