Ссылки доступа

Ҳушдори Freedom House аз "гашти ғайридемократӣ"-и кишварҳои Аврупову Осиё


Созмони ҳомии ҳуқуқ Freedom House, ки дар ИМА қароргоҳ дорад, аз "гашти ғайридемократӣ" дар Аврупову Осиё ҳушдор дод.

Созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ дар гузориши 28-саҳифаии "Кишварҳои дар ҳоли гузор-2021. Гашти ғайридемократӣ" ба таҳлили вазъи кишварҳои АвруОсиё ва Осиёи Марказӣ пардохтааст. Муаллифон гуфтанд, соли гузашта раҳбарон ва ҳизбҳои ҳоким ба мудирияти кишварҳо осеб расонда, дар минтақа ҷараёнҳои зиддидемократиро паҳн карданд.

Созмон мегӯяд, сохторҳои давлатӣ дар баробари муқобила бо фишорҳои ҷамъиятӣ нотавон мешаванд, шикоф дар ҷомеа торафт амиқтар мегардад ва нобаробарии афзоянда боис ба афзоиши эҳсоси хашму норизоият мешавад. Муҳаққиқон мегӯянд, бархӯрди нодурусти демократияҳои азим бо буҳрони COVID-19 ба ин мушкилот афзуд.

Freedom House аз раҳбарони “зиддидемократӣ” дар минтақа, ба мисли президенти Русия Владимир Путин ва нахуствазири Маҷористон (Венгрия) Виктор Орбан ба унвони пешвоҳое ном мебарад, ки барои “решадавонии ҳукуматҳои ғайридемократӣ” саҳми зиёд гузоштаанд.

“Кишварҳои минтақа аз роҳи демократия пас мегарданд”, --мегӯянд муаллифони гузориш, ки вазъи 18 кишвар дар АвруОсиё ва Осиёи Марказиро ба риштаи таҳлил кашидаанд. Муаллифон мегӯянд, дар шаш кишвари ин минтақа пешрафти нисбие мушоҳида шуда, дар панҷ кишвар тағйироте рух надодааст ва дигарҳо “ақибнишинӣ” кардаанд.

Муаллифони гузориши нави Freedom House мегӯянд, Тоҷикистон баробар бо ҷумҳуриҳои дигари собиқи Шӯравӣ, аз ҷумла, Озарбойҷону Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон ва Узбекистон ба гурӯҳи “режимҳои худкомаи устувор” шомил мешавад.

Ин баҳо ба кишварҳое дода мешавад, ки дар онҳо ҷомеаҳо баста буда, раҳбарони худкома пеши роҳи рақобати сиёсӣ ва гуногунандеширо мегиранд ва ҳуқуқи бунёдии сиёсӣ, маданӣ ва башариро поймол мекунанд. Барои қиёс, ба гурӯҳи режимҳои нимаустувори худкома Арманистон шомил шуда, дар гурӯҳи режимҳои дар ҳоли гузор ё тағйирёбӣ номи давлатҳо аз Аврупои Шарқӣ ба мисли Боснияву Ҳерсоговина, Гурҷистон, Украина, Венгрия, Косово ёд мешавад.

Дар гурӯҳи кишварҳое бо низомҳои нимаустувори демократӣ Хорватия, Булғористон ва Руминия ва ниҳоят дар нуқтаи боло – “демократияҳои устувор” – Ҷумҳурии Чех, Эстония, Латвия ва Литва қарор доранд. Се кишвари ахири ин гурӯҳ мисли Тоҷикистон 30 сол пеш бахше аз Иттиҳоди Шӯравӣ буданд.

XS
SM
MD
LG