Ссылки доступа

Захмиёни низоъ дар марз ба шифохонаи Исфара интиқол ёфтаанд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Захмиёни низоъ дар марз ба шифохонаи Исфара интиқол ёфтаанд. (видео)

- Модар мегӯяд, аснои сарбозшикор ӯро ҳам азият додаанд. Як хонавода дар ноҳияи Восеъ аз кормандони комиссарият ва ҷамоати Худоёр Раҷабов ба додситони ҳарбӣ шикоят бурдаанд. Онҳо идда доранд, ки се рӯзи пеш ба ҳангоми ҷалби маҷбурии фарзанди ин оила ба артиш, зери мушду лағад ақрор гирифтанд. (видео)

- Коронавирус дар Тоҷикистон аз куҷо оғоз шуд? Як сол пеш дар деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов хабари эҳтимоли расидани коронавирус ба Тоҷикистон паҳн шуд. Шаби 5 апрели соли 2020 Радиои Озодӣ гузориш дод, ки пас аз фавти марди 60-сола дар бемористони ноҳияи Ҷаббор Расулов, ёздаҳ корманди он дар Хуҷанд карантин шуданд. (видео)

- Дар порлумон "дедовшина"-ро баҳс карданд. Баъзе аз вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон мавзӯи "дедовшина" ё бадрафторӣ дар артиши кишварро ба баҳс кашиданд. Аз ҷумла, Саидҷаъфар Усмонзода, вакил ва раиси Ҳизби демократ, рӯзи 28-уми апрел дар ҷаласаи порлумон аз муовини аввали вазири дифоъ, Эмомалӣ Собирзода, хост, масъаларо шарҳ диҳад. (видео)

- Билети Русия арзонтар шуд, вале ҳанӯз ҳам дастнорас аст. Бо гузашти тақрибан як моҳ аз дубора барқарар шудани парвозҳои маъмулӣ миёни Душанбеву Маскав, сокинон дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам аз мушкили дастрасӣ ба билет ва нархи гарони он садо баланд мекунанд. (видео)

- Тоҷикистон мегӯяд, ба муттаҳам бо таркиши анбор дар Чехия шиноснома надодааст. (видео)

- Нигаронӣ аз вазъи саломатии Маҳмурод Одинаев дар маҳбас. Масъулини Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон мегӯянд, саломатии Маҳмурод Одинаев дар боздоштгоҳ бад шудааст. Наздикони Одинаев ҳам гуфтанд, баъд аз эълони қарори додгоҳ се моҳ мешавад, ки ӯро надидаанд ва аз аҳволаш хабар надоранд. (видео)

- Ифтор дар хона баъди имзои Президент меъёр хоҳад шуд. (видео)

- Дар Кӯлоб оилае бар ивази 4000 сомонӣ хонаашро аз даст додааст. (видео)

- Муҳокимаи даъвои "дастдарозӣ" дар шаҳри Турсунзода. Як сокини шаҳри Турсунзода иддао дорад, ки додрасе аз ӯ хостааст, гуноҳро ба дӯш бигирад, аз ҷавобгарӣ озод карда хоҳад шуд. Нарзулло Каримов ба "дастдарозӣ" ба як зани ҳамдеҳааш муттаҳам аст. Дар Додгоҳи шаҳри Турсунзода гуфтанд, баррасии парвандаи Каримов "дар чаҳорчӯби қонун" идома дорад. (видео)

- Тоҷиконе, ки аз садамаи Чернобил зарар дидаанд, чӣ рӯзгор доранд? 35 сол пеш зиёда аз 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар бартарафсозии оқибатҳои садама дар нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил иштирок карда, то ин дам 650 нафари онҳо фавтидаанд. (видео)

- "Бас аст, фиристодани ҷасадҳо аз артиш".​ Дар бораи сарбозе суҳбат мекунем, ки рӯзи 20-уми апрел дар ноҳияи Мурғоб фавтидааст. Хешовандонаш иддао доранд, ки ӯро шояд латукӯб карда, ба марг расондаанд, вале табибон гуфтаанд, Раҷабалӣ Назаровро касе назадааст ва ӯ бино бар авҷ гирифтани бемории гурда ва қалб дар ноҳияи баландкӯҳ ҷон додааст.​ (видео)

- Зане дар Ашт пасандози сафари Ҳаҷро дар сохтмони пул сарф кард.​ Ҳуриниссо Сайидалиева, сокини 72-солаи деҳаи Ғудоси ноҳияи Ашт, аз ҳисоби нафақааш дар ин деҳа пули мошингузар сохтааст. (видео)

- Аввалин панҷгоникҳои тоҷик 100-рӯза шуданд. Сарони хонаводаи панҷгоник дар Тоҷикистон ки дар ноҳияи Қубодиён бузург мешаванд мегӯянд, тифлонро бо ёрии хешу табор парасторӣ мекунанд, вале дар таъмини ғизои онҳо мушкил мекашанд (видео)

- Нигаронии кормандони бонки "Эсхата" аз бемории аудиторони хориҷӣ. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG