Ссылки доступа

Низоъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон: шумори осебдидаҳо ба 84 расид


Шумори онҳое, ки 29 апрел дар натиҷаи низоъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон осеб диданд, ба 84 нафар расид.

Ба огаҳии Вазорати тандурустии Қирғизистон, ҷамъан се нафар - ду кас дар бемористони вилояти Бодканд ва як духтарча, соли таваллудаш 2008 дар роҳ ба сӯи бемористони ноҳияи Лайлаки Бодканд ҷон бохтааст.

Бино ба маълумоти пешакӣ, дар пайи низои марзии ахир бо Қирғизистон ҷамъан 23 шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористони шаҳри Исфара интиқол дода шудаанд. Ба гуфтаи хабарнигори Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, ки дар Исфара қарор дорад, бархе аз захмиёни дигар ба бемористони Ворух бурда шудаанд ва ӯ ба далели баста будани роҳ натавонист ба онҷо биравад. Дар миёни захмиён раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода низ ҳаст.

"Ҳар се нафаре, ки имрӯз оварданд, аз яроқи оташфишон тир хӯрдаанд. Бо яроқи шикорӣ паррондаанд. Ҳозир дар шуъбаи эҳё бистарӣ мебошанд", -- гуфт пизишки беморхонаи марказии Исфара 29 апрел.

Пештар хабар дода шуд, ки вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон дар робита ба вазъ дар сарҳад гуфтугӯ кардаанд. Як манбаъ дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, мулоқот “бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон баргузор гардид". Ба иттилои манбаъ, “ҷонибҳо зарурати ҳали қазияро бо роҳи дипломатӣ - сиёсӣ зикр намуданд.

Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон бо нашри эъломияе дар Фейсбук гуфт, "мо ҳамеша бо бародарони тоҷик забон хоҳем ёфт" ва айни замон афзуд: "Ҳоло онҳое, ки мехоҳанд ихтилофро аз дохил аланга диҳанд, хатарнок ҳастанд. Ман аз тамоми нерӯҳои сиёсии дохилӣ даъват мекунам, ки дар чунин лаҳзаи барои кишвар душвор сабр кунанд", -- илова кардааст раиси ҷумҳури Қирғизистон.

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел дар наздикии дарғот ё Маркази тақсими об шуруъ шуда, рӯзи 29-уми апрел идома кард. Сокинон якдигарро ба сангандозӣ ва мақомоти марзбонии ду кишвар якдигарро ба шурӯи тирпарронӣ айбдор карданд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва танҳо 519 километри онро таъину аломатгузорӣ кардаанд. Боқимонда минтақаҳои баҳсӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG