Ссылки доступа

"Хатми муноқиша ва баргардондани нерӯҳо". Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба поён расид


Комиссияе, ки рӯзи 29-уми апрел бо ташаббуси ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли муноқишаи мусаллаҳона дар минтақаҳои марзии ду кишвар созмон дода шуд, чандин соат сабабҳои сар задани ин ҳодисаро баррасӣ кард.

Нишаст шоми 29-уми апрел дар шаҳри Исфара баргузор шуд. Ҳайати Тоҷикистонро Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ҳайати Қирғизистонро Омурбек Суваналиев, раиси вилояти Бодканд раҳбарӣ кардаанд.

Бино ба изҳороти муштарак, ки нусхае аз он дастраси Радиои Озодӣ шуд, ҳарду тараф розӣ шудаанд:

"Муноқишаи мусаллаҳонаро хотима бахшанд;

Ҳайати шахсӣ ва таҷҳизоти ҳарбиро ба макони доимии ҷойгиршавиашон баргардонанд;

Барои роҳ надодан ба ташаннуҷи авзоъ чораҳо андешанд;

Якҷоя аз ҳисоби кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва кормандони ҳукуматҳои ду кишвар барои дар амал татбиқ намудани чораҳои зикршуда гуруҳи корӣ ташкил дода, барои ба эътидол овардани вазъ ва пеш бурдани пурсамари музокирот ба манфиати ду халқу давлати дӯст шароитро фароҳам кунанд."

XS
SM
MD
LG