Ссылки доступа

Дар остонаи гирдиҳамоии 1 май дар Алмато ду фаъоли ҷамъиятиро ҳабс карданд


Қарор аст, дар чанди шаҳри Қазоқистон рӯзи 1 май гирдиҳамоӣ баргузор шавад. Ин гирдиҳамоиҳоро мухолифон эълом кардаанд. Дар остонаи 1 май чанд фаъоли ҷамъиятӣ аз сӯи пулис боздошт ва ҳабс шудааст.

Рӯзи 29 апрел фаъоли ҷамъиятӣ Ракила Бекназароваро 15 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифтанд. Ӯро дар "иштирок дар чорабинии оммавӣ, ки бо вайрон кардани тартиби қонунгузорӣ баргузор шудааст", айбдор карданд.

Рӯзи 27 апрел фаъоли дигари ҷамъиятӣ Гулмира Ахмановаро бо айби ғайриқонунӣ ташкил ва баргузории гирдиҳамоӣ 12 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифтанд. Ахманова бо Бекназарова рӯзи 2 апрел дар назди идораи пулис дар шаҳри Алматои Қазоқистон озодии фаъоли ҷамъиятии дигар Муродбой Баймагамбетовро аз ҳабс талаб карданд.

Мухтор Аблязов, мухолифи ҳукумати Қазоқистон, ки дар хориҷ аз он кишвар зиндагӣ дорад, аз сокинон хост, рӯзи 1 май бо талаби озодии маҳбусони сиёсӣ ва пешгирӣ аз гароншавии нарх маҳсулоти бозор ба кӯча бароянд.

Фаъолони дигари қазоқистонӣ мегӯянд, дар остонаи 1 май дар манзилашон ҷустуҷӯ сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG