Ссылки доступа

Зидди мухолифи рус Алексей Навалний парвандаи нави ҷиноӣ кушоданд


Кумитаи тафтишотии Русия нисбати мухолифи ҳукумати он кишвар Алексей Навалний ва кормандони бунёди вай Леонид Волков ва Иван Жданов бо моддаи ташкил ва роҳбарии созмони ҷамъиятие, ки фаъолияташ ба хушунат алайҳи шаҳрвандон ваё зиёнрасонӣ равона шудааст, парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Парванда ҳанӯз моҳи феврали имсол кушода шуда, аммо дар бораи он танҳо ҳоло хабар дода шудааст. Ин парванда дар ҳуҷҷатҳое зикр гардидааст, ки бунёд ва ситодҳои Навалнийро мехоҳанд, созмони тундгароёна эътироф кунанд.

Ҳадди аксари ҷазо барои парвандае, ки дар бораи он ахиран хабар расид, то чаҳор соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Ҷузъиёти дигари парванда ошкор нашудааст. Навалний айни ҳол бар асоси як парвандае, ки ҳашт соли пеш кушода шуда буд, дар маҳбас аст. Бино ба ҳукми додгоҳ, вай тобистони соли 2023 озод хоҳад шуд. Жданов ва Волков дар хориҷ қарор доранд. Онҳоро дар Русия дар ҷалби наврасон ба гирдиҳамоии ғайриқонунӣ айбдор мекунанд.

Чанд рӯзи пеш додситонии Москва аз додгоҳ талаб кард, ки Бунёди мубориза бо фасоди Навалний ҳамчун созмони тундгароёна эътироф шавад.

XS
SM
MD
LG