Ссылки доступа

Порлумони Аврупо Русияро таҳдид ба ихроҷ аз SWIFT ва таҳрими газ кард


Порлумони Аврупо даъват кард, ки дар сурати ҳамлаи Русия ба хоки Украина, нисбати Русия таҳримҳои сахт ҷорӣ шавад.

Ин таҳримҳо берун кардани Русия аз низоми пардохти бонкии SWIFT, ҷорӣ кардани эмбарго ба маҳсулоти нафтӣ ва гази Руия, манъи вуруди олигархҳои рус ва аъзои хонаводаи онҳо ба Иттиҳоди Аврупо ва бастани дороиҳои онҳоро дар бар хоҳанд гирифт.

Чунин пешниҳод дар қатъномае зикр шудааст, ки рӯзи панҷшанбе аз сӯи порлумони Аврупо қабул гардид. Ин қатънома ба поймолсозии ҳуқуқи мухолифи зиндонии рус Алексей Навалний, густариши ҳузури низомиёни рус дар марз бо Украина ва инчунин таркиши анбори аслиҳа дар соли 2014 дар Чехия бахшида шудааст. Мақомоти Чехия чанде пеш гуфтанд, ки дар таркиши анбори аслиҳа мақомоти махсуси Русия даст доранд.

Берун кардани Русия аз низоми SWIFT ва қатъи харидории нафту гази он бори аввал пешниҳод мешавад. Хатари ин гуна таҳримҳо, ба бовари аъзои Порлумони Аврупо, Русияро водор мекунанд, ки аз нақшаҳои хашинаш нисбати Украина худдорӣ варзад.

XS
SM
MD
LG