Ссылки доступа

Рӯзноманигорони Қазоқистон аз дастнорас будани мақомоти давлатӣ шикоят доранд


Ҷомеаи рӯзноманигории Қазоқистон дар як мактуби боз унвонии президенти он кишвар Қосимҷомарт Тоқаев аз дастнорас будани мақомоти давлатӣ шикоят карданд.

Муаллифони нома навиштанд, ки мансабдорон аз маҳдудиятҳои кунунӣ истифода бурда, дарро ба рӯи расонаҳо бастаанд. Рӯзноманигорон аз президент хостаанд, ки чорабиниҳои давлатиро бо ҳузури расонаҳо эҳё кунад.

Қазоқистон дар "Шохиси ҷаҳонии озодиҳои расонаҳо" аз миёни 180 кишвар дар мақоми 155 қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG