Ссылки доступа

Бодканд: як деҳа пурра оташ гирифта, беш аз 13000 одам кӯчонида шуд


Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз вазъ дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон, ки ахиран задухурди мусаллаҳона сурат гирифт, гузориш медиҳад.

Бино ба маълумоти ахир, дар натиҷаи задухурди 29 апрел дар деҳаи Кок-Тереки Бодканд 17 хона оташ гирифтааст. Ҳамчунин дар деҳаҳои Қизил-Бел, Достук, Кок-Таш, Уч-Добо ва Оқсойи ноҳия низ хонаҳо осеб дидаанд.

Ба ҷуз ин, дар ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, деҳаҳои Борбордук, Арка, Интернатсионал, Жаштик ва Мақсад осеб дидаанд. 27 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ пура сӯхта, фурӯшгоҳҳо ғорат шудаанд. Аз минтақаи низоъ беш аз 13 ҳазор одамро ба ҷойҳои бехавф кучонида, онҳоро дар бинои мактабҳои шаҳри Бодканд ҷойгир кардаанд.

Раёсати пулиси вилояти Бодканд 30 апрел хабар додааст, ки ҷониби Тоҷикистон гӯиё раиси маҳаллаи Интернатсионали ноҳияи Лайлаки Қирғизистонро гаравгон гирифтааст.

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел дар наздикии дарғот ё Маркази тақсими об шуруъ шуда, рӯзи 29-уми апрел идома кард. Сокинон якдигарро ба сангандозӣ ва мақомоти марзбонии ду кишвар якдигарро ба шурӯи тирпарронӣ айбдор карданд.

Дар даргирии ду рӯзи охир аз ду тараф даҳҳо нафар захмӣ шудаанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон субҳи 30 апрел хабар дод, ки дар натиҷаи низои ахир 13 шаҳрванди ин кишвар ҳалок шуда, 134 тани дигар захмӣ шудаанд. Расонаҳои Тоҷикистон дар бораи захмӣ шудани наздик ба 90 кас ва ҷон бохтани ҳудуди 10 нафар хабар медиҳанд.

XS
SM
MD
LG