Ссылки доступа

Раиси КДАМ Қирғизистон: Манзилҳои дар муноқишаи ахир тахрибшударо ҳукумат барқарор мекунад


Манзилҳои шаҳрвандони Қирғизистонро, ки дар муноқишаи ахири марзӣ дар вилояти Бодканд тахриб шуданд, ҳукумати Қирғизистон барқарор мекунад.

Дар ин бора раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар ҳузури сокинони Максати ноҳияи Лайлеки он кишвар хабар дод.

Вай гуфт, аз Тоҷикистон барқарории манзилҳои тахрибшударо талаб нахоҳад кард. "Мо барои ҷуброни зарар муроҷиат намекунем. Мо неру ва имконияти кофӣ дорем. Мо барои мардумамон худамон хона месозем. Агар замоне ҷониби Тоҷикистон аз кардааш пушаймон шавад ва барои ҷуброни зарар муроҷиат кунад, мо онро баррасӣ мекунем. Ҳоло мо аз онҳо кӯмак талаб намекунем", - гуфт Тошиев.

Вай ваъда дод, ки хонаҳои тахрибшуда то тирамоҳ барқарор мешаванд.

Дар натиҷаи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз 28 апрел то 1 май дар вилояти Бодканди Қирғизистон 78 манзил, ду мактаб, як нуқтаи тиббӣ, се дидбонгоҳи марзӣ, як боғча, 10 нуқтаи фурӯши сузишворӣ, бинои шуъбаи корҳои дохилӣ ва 8 мағоза оташ гирифт. Хисороти ҷониби Тоҷикистон то ҳол дақиқ нашудааст.

Дар натиҷаи ин муноқиша, ба иттилои расмӣ, аз ҷониби Қирғизистон 34 кас кушта шудааст. Бино ба навиштаи расонаҳо, аз ҷониби Тоҷикистон то кунун 16 қурбонии ин муноқиша шиносоӣ ва ба хок дафн шудааст.

XS
SM
MD
LG