Ссылки доступа

Даромади расмии Рамзан Қодиров дар ду соли охир бештар аз 50 баробар афзудааст


Дар сомонаи расмии ҳукумати Чеченистон эъломияи даромадҳо ва дороиҳои Рамзан Қодиров, роҳбари Чеченистонро нашр карданд.

Бино ба ҳуҷҷати нашршуда, даромади Қодиров дар соли 2020 ду баробар афзудааст.

Дар соли гузашта Қодиров 381 миллион рубл даромад доштааст, дар ҳоле, ки даромади вай дар соли 2019 147 миллион, дар соли 2018 7,5 миллион рубл буд. Ба ин тартиб, Қодиров дар ду соли охир дороияшро бештар аз 50 баробар афзудааст. Манбаи даромади вай нишон дода нашудааст.

Дар эъломияи Қодиров омадааст, ки вай ду қитъаи замин дорад, ки масоҳати умумиашон бештар аз 32 ҳазор метри мураббаъ аст, инчунин як манзили зист, ки 2344 метри мураббаъ масоҳат дорад. Ба ҷуз ин, манзили ҳамсари Қодиров аз 209 метри мураббаъ иборат аст.

Расман роҳбари Чеченистон мошин надорад, аммо вай пайваста ба наздиконаш мошинҳои гаронбаҳои хориҷӣ туҳфа мекунад ва ҳам худаш ба мошинҳои зиреҳпӯши хориҷӣ савор мешавад.

Афзоиши даромадҳои Қодиров дар солҳои 2019 -2020, ба навиштаи сомонаи "Воқеиятҳо.Қафқоз", мумкин аст, ба таҳримҳои ғарбӣ рабт дошта бошад, ки роҳбари Чеченистон наметавонад, дороиҳояшро ба хориҷ барад ва маҷбуран дар Русия нигаҳ медорад.

XS
SM
MD
LG