Ссылки доступа

250 рӯзноманигор аз 63 кишвари дунё аз расонаҳои мустақили Русия ҷонибдорӣ карданд


Бештар аз 250 рӯзноманигор аз 63 кишвари дунё ба ҷонибдорӣ аз расонаҳои мустақили Русия - "Важные истории", DOXA, ва "Медуза" - садо баланд карданд.

Номаи бози рӯзноманигорон дар сомонаи маҷаллаи DOXA нашр шудааст. Чаҳор тан аз хабарнигорони ин расона чанде пеш дар доираи як парвандаи ҷиноӣ гумонбар эълом шуданд. Номаи дастаҷамъии рӯзноманигорон ба Рӯзи ҷаҳонии озодии баён бахшида шудааст.

"Аз замоне, ки Владимир Путин президенти Русия шуд, давлат тавассути мақомоти қонунгузор, ивазсозии муассисон, ҷаримаҳо ва парвандаҳои ҷиноӣ фишорро ба расонаҳои мустақил шуруъ кард", - омадааст дар нома.

Дар номаи дастаҷамъӣ аз кофтукоби манзили сармуҳаррири сомонаи "Важные истории" Роман Анин ва таъсиси парвандаи ҷиноӣ нисбати вай ёд шудааст. Муаллифона нома мегӯянд, парвандаи ҷиноӣ нисбати Анин ба хотири пешгирӣ аз таҳқиқотҳои вай аст. Муаллифон мегӯянд, таъқиби рӯзноманигорони дигари мустақил дар Русия низ ба хотири монеи фаъолияти онҳо шудан аст.

Ба навиштаи муаллифон, Кремл "тасмим дорад, даҳони расонаҳои мустақилро бандад ва шаҳрвандони Русияро аз дастрасӣ ба иттилои ростин маҳрум созад". Онҳо аз мақомоти Русия хостанд, ки уҳдадориҳояшро дар мавриди ҳимояи озодии баён иҷро созад.

Зери нома расонаҳое амсоли The Guardian, The Washington Post, Le Monde, Süddeutsche Zeitung, Reuters, "Немецкая волна", "Украинская правда" имзо гузоштаанд.

XS
SM
MD
LG