Ссылки доступа

Боздошти бераҳмонаи муҳоҷири узбекистонӣ дар Томски Русия. Таҳқиқ шуруъ шуд (видео)


Як шаҳрванди Узбекистон ба пулиси Русия аз латту кӯб шудан аз сӯи кормандони раёсати минтақавии Хадамоти федеролии муҳоҷират шикоят кардааст.

Кумитаи тафтишотии минтақавӣ ин шикояти муҳоҷирро таҳқиқ дорад, хабар медиҳанд расонаҳо.

"Дар интернет наворе нашр шудааст, ки дар он дида мешавад, чи гуна корманди хадамоти муҳоҷирати шаҳри Томск шаҳрванди Узбекистонро ба таври бераҳмона боздошт мекунад", - хабар медиҳад Кумитаи тафтишотӣ.

Муҳоҷирони узбекистонӣ навори боздошташро дар шабакаҳо нашр кард. Дар он дида мешавад, ки корманди Хадамоти муҳоҷират аз шаҳрванди Узбекистон талаб мекунад, ки ба дунболи вай равад. Вай ҳамчунин аз муҳоҷир ба иловаи шиноснома, ҳуҷҷати ронандагӣ талаб мекунад. Баъди ин корманди хадамоти муҳоҷират нисбати шаҳрванди Узбекистон бадрафторӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG