Ссылки доступа

Порлумони Қирғизистон тарҳи қонунеро ба баррасӣ мегирад, ки ба Бодканд мақоми махсус медиҳад


Тарҳи қонун "Дар бораи мақоми махсуси вилояти Бодканд" ба таври фаврӣ ба порлумони Қирғизистон ворид шудааст. Дар ин бора ҳукумати Қирғизистон иттилоъ дод.

Ҳуҷҷати мазкур рӯзи 2 апрел ба баррасии умум гузошта шуда буд. Бо назардошти пешниҳоду иловаҳои сокинон, тарҳи қонуни мазкур такмил шуда, рӯзи 3 май аз сӯи ҳукумат қабул гардид. Ба ин тартиб, тарҳ ба баррасии порлумон ирсол шудааст.

Тарҳи қонун дар бораи ба вилояти Бодканди Қирғизистон додани мақоми махсус дар назар дорад, ки ваколатҳои раиси ин вилоят бештар шавад, сармоягузорӣ ва буҷаи вилоят зиёд шавад, андозситонии махсус ҷорӣ гардад, барои сармоягузорон кафолати давлатӣ ва дигар имтиёзҳо дода шавад.

Барои барқарорсозии иншооте, ки дар вилояти Бодканд дар натиҷаи муноқишаи ахири марзӣ бо Тоҷикистон осеб диданд, аз буҷаи Қирғизистон 700 миллион сом (8,2 млн доллари ИМА) ҷудо шудааст. Дар ин бора сарвазири Қирғизистон Улуғбек Марипов рӯзи 3 май хабар дод.

Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки қариб нисфаш то ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст, солҳост, ба макони муноқиша ва низоъ миёни сокинон табдил шудааст. Муноқишаи рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел, ба гуфтаи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҳодисаҳои солҳои пеш фарқ дошт.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 3-юми май эълон кард, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ дар муноқишаи ахири марзӣ дар ҳудуди се ҷамоати Исфара 14 хона комилан ва 2 манзили зист қисман вайрон шуданд. Як иншооти ёрирасон низ зарар дидааст. Ҳамзамон қисман як мактаби миёна ва хонаи истиқоматӣ дар деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тахриб гардидааст.

Раиси вилояти Суғд гуфт, хонаҳои вайроншударо то як моҳи дигар месозанд.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар натиҷаи муноқиша дар марз бо Тоҷикистон 78 манзил, ду мактаб, як нуқтаи тиббӣ, се дидбонгоҳи марзӣ, як боғча, 10 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, бинои шуъбаи корҳои дохилӣ ва 8 мағоза оташ гирифтааст. Онҳо гуфтанд, хонаҳоро то тирамоҳ барқарор мекунанд.

XS
SM
MD
LG