Ссылки доступа

Президенти Қазоқистон ба Туркманистон меравад


Аз вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар доданд, ки президенти ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаев ба Туркманистон сафар мекунад.

Рӯзи 28 апрел президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов аз ҳамтои қазоқистониаш даъват кард, ки ба Туркманистон биояд. Бердимуҳаммадов дар суҳбати телефонии рӯзи 28 апрел ба ҳамтои Тоқаев гуфтааст, ки Қазоқистон шарики асосии Туркманистон дар Осиёи Марказӣ аст.

Санаи дақиқи сафари президенти Қазоқистон ба Туркманистон хабар дода нашудааст.

XS
SM
MD
LG