Ссылки доступа

Роҳбари ҳизби навтаъсиси сиёсиро дар Узбекистон барои туҳмат ҷарима бастанд (видео)


Додгоҳе дар шаҳри Тошканди Узбекистон роҳбари ҳизби навтаъсиси сиёсии "Ҳақиқат ва тараққиёт" Хидирназар Оллоҳқуловро барои туҳмат наздики 470 доллар ҷарима баст.

Оллоҳқуловро дар асоси шикояти афроди ношиносе ҷарима бастанд, ки рӯзи 31 март ба ӯ дар даҳлези манзили зисташ ҳамла карда буданд.

Оллоҳқулов гуфт, ки дар бораи шуруъи муҳокимаи додгоҳӣ ба ӯ чанд соат пеш аз ҷаласа хабар доданд, аммо имкон надоданд, ки вай бо парванда шинос шавад. Ин ҷаласаи додгоҳӣ пушти дарҳои баста сурат гирифтааст.

Қарор аст, дар Узбекистон моҳи октябри соли ҷорӣ интихоботи президентӣ баргузор шавад. Мухолифони Узбекистон эълом карданд, ки дар ин интихобот ширкат мекунанд.

XS
SM
MD
LG