Ссылки доступа

Қирғизистон: вазъ дар марз бо Тоҷикистон ором аст


Хадамоти марзбонии Қирғизистон 5 май иттилоъ дод, ки феълан вазъ дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон ором аст.

Ба огаҳии ин ниҳод, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев бо намояндагони Хадамоти марзбонӣ аз иншоот ва зербиноиҳое боздид мекунад, ки дар натиҷаи низои ахири марзӣ осеб дидаанд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шудааст, ки ҷониби Тоҷикистон 4 май тавассути гузаргоҳи марзии "Кулунду-автодорожний" ду мошин - "Hyundai" ва "Жигулӣ"-ро ба ҷониби Қирғизистон баргардондааст. Гӯиё ин 2 мошинро дар ҷараёни задухурдҳои мусаллаҳона ба Тоҷикистон бурда будаанд.

Бар асари муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар байни ноҳияҳои Исфараву Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва Бодканду Лайлаки Қирғизистон сар зад, аз ҳарду тараф, даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG