Ссылки доступа

Додситонии Узбекистон барои блогер Отабек Сатторӣ 11 соли зиндон талаб дорад


Айбдоркунандаи давлатӣ дар Узбекистон барои блогер Отабек Сатторӣ 11 соли зиндон талаб кард.

Сатторӣ, ки бо наворҳои интиқодиаш маъруф аст, дар асоси 3 моддаи кодекси ҷиноии Узбекистон айбдор мешавад.

Додситон гуфт, Отабек Сатторӣ айбҳоро эътироф накарда ва зарари расонидаашро низ ҷуброн накардааст. Ба ин далел, ҳолатҳои сабуккунанда нисбати вай татбиқ карда намешавад. Ҳукми ниҳоии додгоҳ рӯзи 10 май эълом хоҳад шуд.

Сатториро рӯзи 30 январ боздошт карданд.

Ӯро дар тамаъҷӯӣ, туҳмат ва таҳқир айбдор мекунанд.

Чанде аз созмонҳои байналхалқӣ аз мақомоти Узбекистон даъват карданд, ки блогер Отабек Сатторӣ аз ҳабс озод карда шавад. Созмонҳои байналхалқӣ мегӯянд, вай бо айбҳои беасос боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG