Ссылки доступа

Байден дар ҷараёни сафараш ба Аврупо бо Путин вохурданист


Президенти ИМА Ҷон Байден гуфт, омодааст, дар ҷараёни сафараш ба Аврупо дар моҳи июни соли равон бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот кунад.

"Ман ба ин бовар дорам. Мо бар сари он кор мекунем", - посух дод Байден ба суоли рӯзноманигорон рӯзи сешанбе. Байден дар доираи нахустин сафари хориҷияш ба ҳайси президенти ИМА ба Бритониё сафар карда, аз 11 то 13 июни имсол дар вохӯрии сарони кишварҳои узви "Ҳафтгонаи бузург" иштирок хоҳад кард.

Сипас 14 июн ӯ барои иштирок дар саммити кишварҳои НАТО ба Брюссел рафта, бо раҳбарони аъзои эътилоф ҳам мулоқот мекунад.

Идеяи баргузории мулоқоти раҳбарони Русия ва Амрико, ки Байден моҳи апрел пешниҳод карда буд, барои нозирони амрикоӣ ғайриинтизор буд. Байден гуфта буд, ки омодааст, бо ҳамтои русаш дар кишвари севум мулоқот ва афзоиши ташаннуҷ миёни ду кишварро баррасӣ кунад.

Ба гуфтаи Юрий Ушаков, мушовири президенти Русия, омодагиҳо барои мулоқоти раҳбарони ду кишвар идома доранд. Интизор меравад, ин мулоқот моҳи июни соли равон баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG