Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон Конститутсияи навро имзо кард


Рӯзи 5 май, дар рӯзи қабули Конститутсияи Қирғизистон, президенти он кишвар Содир Ҷабборов Конститутсияи нави Қирғизистонро имзо кард.

Маросими имзои Конститутсияи нав бо иштироки вакилони порлумон, судяҳо, аъзои ҳукумат ва фаъолони ҷомеаи Қирғизистон сурат гирифт. Раъйпурсӣ барои қабули Конститутсияи нави он кишвар рӯзи 11 апрел баргузор шуда буд.

Рӯзи 17 ноябри соли 2020 дар сомонаи порлумони Қирғизистон тарҳи қонуни баргузории раъйпурсӣ барои қабули Конститутсия нав нашр шуд. Дар хабари порлумон омада буд, ки тарҳи навро 90 вакил таҳия кардаанд.

Тарҳи қонун то 2 феврал таҳриру коркард шуда, ба порлумон ирсол гардид. Рӯзи 9 феврал тарҳи Конститутсияи нав дар сомонаи расмии порлумони Қирғизистон интишор шуд. Ҳамин тарҳи қонун рӯзи 11 апрел ба раъйдиҳӣ гузошта шуда, аз сӯи шаҳрвандони Қирғизистон қабул гардид.

Ҳуқуқшиносон ва коршиносон дар Қирғизистон борҳо зидди қабули ин тарҳ садо баланд карданд. Ба гуфтаи онҳо, тарҳи нав кишварро ба худкомагӣ мерасонад.

XS
SM
MD
LG