Ссылки доступа

Пулиси Қазоқистон таҳқиқи ҳамла ба рӯзноманигоронро қатъ кард


Шуъбаи амнияти дохилии Департаменти пулиси шаҳри Чимкенти Қазоқистон парвандаи монеъ шудан ба кори рӯзноманигоронро ҳангоми бозтоби ҳамоиши худҷӯши эътирозӣ дар деҳаи Олтинтоб қатъ кард.

Бино ба иттилои созмони ҳомии ҳуқуқи "Одил соз", дар рафти тафтиш расонидани зарари ҷисмонӣ ба рӯзноманигор исбот шуда, вале дар амали маъмурони ҳифзи ҳуқуқ гӯиё нишонаҳои қонуншиканӣ ошкор нагаштааст. Бинобар ин, парванда қатъ ва барои омӯзиш ба додситонии шаҳри Чимкент фиристода шудааст.

Сокинони деҳаи Олтинтоби Чимкент 4 апрел зидди боздошти мудири корхонаи маснуоти заргарӣ Жасулан Маматуллаев ҳамоиши эътирозӣ баргузор карданд. Ба иттилои "Одил соз", кормандони пулис дар ҷараёни ҳамоиш ба рӯзноманигорон халал эҷод карда, ба хабарнигори "Шабакаи 31" Баҳром Абдуллоев зарари ҷисмонӣ расониданд.

Ҳамчунин хабарнигори "Остона" Баҳромбек Толибҷоновро таҳдид ба куштор карда, талош намудаанд, телефони ҳамроҳи хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ Дилора Исоро бигиранд.

Сардори пулиси Чимкент Ергалӣ Жармухамбетов дар пайи эътирози рӯзноманигорон бо талаби қатъи фишорҳо ба намояндагони ВАО хабар дода буд, ки тафтишоти хидматӣ оғоз шуда, онҳое, ки ба кори рӯзноманигорон халал эҷод кардаанд, муҷозот хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG