Ссылки доступа

"Шоиста комилан бегуноҳ аст". Сарнавишти узбекистоние, ки дар ташкили таркиш дар Петербург айбдор мешавад (видео)


Шоиста Каримова
Шоиста Каримова

Миёни 11 муҳоҷири Осиёи Марказӣ, ки дар ташкили таркиши метрои Петербург дар рӯзи 3 апрели соли 2017 айбдор мешаванд, Шоиста Каримоваи 49-сола, сокини вилояти Намангони Узбекистон низ ҳаст.

Елена Бабинтсева, сокини шаҳри Петербург ба сарнавишти Шоиста таваҷҷуҳ кардааст, ки вай худро комилан бегуноҳ медонад. Бабинтсева гуфт, ки парвандаи ҷиноии марбут ба таркиши метроро таҳқиқ мекунад ва ба хулоса расидааст, ки Шоиста комилан бегуноҳ аст.

Аз замони таркиши метро дар Петербурги Русия 4 сол гузашт. Рӯзи 3 апрели соли 2017 дар он таркиш 15 кас кушта ва 67 кас маҷруҳ шуданд. Ин терактро ба эҳтимоли зиёд муҳоҷири қирғизистонӣ Акбарҷон Ҷалилов анҷом додааст.

Соли 2019 додгоҳ 11 муҳоҷир аз Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро аз 19 сол то ҳабси якумрӣ маҳкум кард. Наздикони муҳоҷирон гуфтанд, онҳо дар ҷараёни тафтишот шиканҷа шудаанд.

Шоиста Каримова, муҳоҷири узбекистонӣ ба 20 соли зиндон маҳкум шудааст. Додситонӣ ӯро ба он айбдор кард, ки ба террористон имкон додааст, аз телефонаш гуфтугӯ кунанд. Шоиста айби эъломшударо қабул надорад.

Елена Бабнитсева ба таҳқиқи саргузашти Шоиста шуруъ кардааст.

"Акнун ман шак надорам, ки Шоиста бегуноҳ аст. Дар ду соли охир ман руҳу равони ӯро шинохтаам, бо парвандаи ҷиноӣ комилан шинос шудаам, тамоми наворҳои марбут ба таркишро дидам ва мухолифтаҳои зиёде пайдо кардам. Ҳукми додгоҳро ҳам омӯхтам ва норушаниҳову норасоиҳои зиёдеро ошкор кардам. Дар ҳукмномаи 111-саҳифаӣ шумо ба ин хулоса мерасед, ки додгоҳ ба ин норушаниҳо посухе надорад", - гуфт Елена.

Ин сокини Петербург гуфт, ки дар парванди Шоиста Каримова низ иштибоҳҳои зиёдеро ошкор кардааст.

"Бадтар аз ин он аст, ки далелҳои шайъӣ нобуд карда шудаанд ва ба вакилони мудофеъ имкон намедиҳанд, ки онҳоро дубора аз назар гузаронанд. Қатори таркондашуда ҳам нобуд карда шудааст. Ману Шоиста бештар аз 100 мактуб радду бадал кардем. Вай хоҳони адолат аст, вай бовар дорад, ки адолат тантана мекунад", - гуфт Бабинтсева.

Муфаттиши Кумитаи тафтишотии Русия Андрей Жигулин гуфт, ҳангоми кофтукоб аз Каримова як норинҷак, ду детонатор ва дигар лавозимот пайдо шудааст.

Мусо Абдулваҳҳобов, вакили мудофеи Шоиста гуфт, ки парвандаи нафари таҳти ҳимояташ бо роҳи тақаллуб кушода шудааст.

Шоиста Каримова дар додгоҳ гуфт, ки Акбарҷон Ҷалиловро намешинохт, аммо чанд моҳ дар қаҳвахонаи "Лесное" дар Петербург ба ҳайси фаррош кор кардааст.

Рӯзи 6 апрели соли 2017 - се рӯз баъд аз таркиш - Шоиста ва ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳамроҳи вай, ки дар қаҳвахонаи мазкур кор мекарданд, боздошт шуданд.

XS
SM
MD
LG