Ссылки доступа

Душанбеву Бишкек барои таъини марз ва сохтмони роҳи Хоҷаи Аъло – Ворух ба созиш расидаанд


Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, Ботканд, 1-уми майи 2021
Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, Ботканд, 1-уми майи 2021

Тоҷикистону Қирғизистон ба созиш расидаанд, ки то рӯзи 9-уми май тарҳи хатти як қисмати баҳсии марзро мекашанд.

Ду кишвар 970 километр сарҳад доранд ва то кунун танҳо 519 километри онро муайян кардаанд. Минтақаҳои дигар, ки аз обу замину чарогоҳ иборатанд, баҳсӣ ҳастанд.

Бино ба изҳороте, ки хабаргузории давлатии "Ховар" рӯзи 5-уми май нашр кард, "барои тасвири хатти лоиҳавии сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон (аз нуқтаи сарҳадии №43 то нуқтаи сарҳадии №61 ва аз нуқтаи сарҳадии №135 то нуқтаи сарҳадии №141) аз ҳуҷҷатҳо ва маводи марзбандии миллию ҳудудии солҳои 1924-1927 ва комиссияи паритетии соли 1989 истифода мекунанд."

Мақомоти Тоҷикистон шарҳ надодаанд, ки гап дар бораи чанд километр хатти марз меравад ва кадом минтақаҳоро дар бар мегирад. Ин дар ҳолест, ки се рӯз пеш Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, дар бораи тасвири 112 километр хатти сарҳад сухан ронда буд.

Ӯ ҳангоми суҳбат бо сокинони деҳаи Мақсат гуфт, "ин кор аз 5 то 9-уми май анҷом мешавад. Пас аз он ки минтақаҳо ба созишномаҳо дохил карда мешаванд, президентҳо имзо мекунанд, баъд ба тасвиб мерасанд. Ин масофа то деҳаи Кулундуро дар бар мегирад." Тошиев айни замон таъкид дошт, ки "қарорҳо бар асоси манфиатҳои мардуми ду кишвар қабул карда мешаванд".

Ҳамзамон бо ин, гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон уҳдадор шудаанд, ки то 17-уми май дар минтақаҳои ​Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Чоркӯҳ, Сомониён, Хоҷаи Аълои шаҳри Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон ва ​нуқтаҳои аҳолинишини Мақсат, Кулундуи Лайлак, Коктерек, Оқсойи Бодканди Қирғизистон "ба иҷрои корҳои топографӣ ва тасвири хатти лоиҳавии сарҳади давлатӣ" шуруъ кунанд.

Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар мулоқоти рӯзҳои 1 ва 2-юми май дар вилояти Ботканд, инчунин, ба мувофиқа расидаанд, ки "то ба итмом расидани раванди делимитатсия, демаркатсия ва барасмиятдарории қонунии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон" роҳи мошингарди "Хоҷаи Аъло - Ворух"-ро (дар хамгашти самти шарқии нуқтаи аҳолинишини Танги (Капчигай) якҷоя месозанд.

Бино ба изҳороти расмии ҳайатҳои ду кишвар, ин роҳро Тоҷикистон "бо мақсади ҳаракати бемамонияти шаҳрвандон, убури воситаҳои нақлиёт ва молҳои кишвар" истифода ва нигоҳдорӣ мекунад.

"Барои ҳарчи зуд оғоз намудани сохтмони роҳ, ба гурӯҳҳои кории топографӣ супориш дода шуд, якҷоя бо созмонҳои лоиҳакашӣ тадқиқоти саҳроии ин мавзеъро дар заминҳои истифодаи амалии минтақаи Ботканд то 1-уми июни соли 2021 анҷом диҳанд. Пас аз ба итмом расидани сохтмони роҳи мошингарди “Хоҷаи Аъло - Ворух” дар хамгашти шарқии нуқтаи аҳолинишини Танги (Капчигай) ба тасвири лоиҳавии хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон шуруъ мекунанд", -- таъкид шудааст дар изҳорот.

Изҳороти муштараки ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон пас аз се рӯзи нишаст дар вилояти Ботканд нашр шуд. То ҳанӯз на мақомот ва на огоҳони соҳа муҳтавои созиш ва суду зиёни онро шарҳ надодаанд.

Дар гузашта низ ҷонибҳо барои сохтмони роҳи "Хоҷаи Аъло - Ворух" розӣ шуда буданд, вале зоҳиран бо пеш омадани мушкил роҳ сохта нашудааст. Аз ҷумла, сохтмони роҳи мустақим аз Хоҷаи Аъло то Ворух яке аз талабҳои асосии Тоҷикистон дар музокироти соли 2014 буд.

Ҷамоати Ворухи Исфара бо даҳҳо ҳазор аҳолӣ аз чаҳор тараф дар иҳотаи Қирғизистон мондааст ва ҳар дафъа дар пайи танишҳои марзӣ танҳо роҳи байни ин минтақа ва боқӣ қаламрави Исфара аз тарафи мақомот ва сокинони Қирғизистон масдуд карда мешавад.

XS
SM
MD
LG