Ссылки доступа

Додситони кулли пешини Узбекистон дар зиндон барои занҳо курта медузад


Три бывших генпрокурора Узбекистана - Рашиджон Кадыров, Ихтиëр Абдуллаев, Отабек Муродов (слева направо)

Раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи "Эзгулик" Абдураҳмон Ташанов 5 май аз маҳбаси Зангиотаи Узбекистон боздид карда, бо додситони кулли пешин Рашид Қодиров ва собиқ раиси Хадамоти амнияти давлатии он кишвар Ихтиёр Абдуллоев суҳбат намудааст.

Ташанов гуфт, бо шароити маҳбаси мазкури Узбекистон ҳамчун узви Комиссияи риояи ҳуқуқи конститутсионӣ ва озодии инсон шинос шудааст. Ин комиссия бо қарори Маҷлиси олии Узбекистон таъсис шуда, раҳбарии он бар зиммаи ваколатдори ҳуқуқи инсони он кишвар аст.

Ба гуфтаи Ташанов, собиқ додситони кулли Узбекистон дар зиндон дар сехи дузандагӣ кор мекунад. "Ӯ куртаҳои занона ва руймолҳои зебо медӯзад. Мо ашёи духтаи ӯро бо чашмони худамон дидем. Ба ҷуз ман, дар онҷо аъзои дигари комиссия низ буданд", - изҳор дошт Ташанов.

"Ихтиёр Абдуллоев гуфт, ки дар рафти тафтишот шиканҷа шудааст. Ӯ аз маъмурияти зиндон шикояте надорад, вале мехоҳад, парвандааш бозбинӣ шавад. Абдуллоев хост, ки ин дархосташро ба президенти Узбекистон расонем. Мо дар маҳалли кораш бо ӯ суҳбат кардем. Вай бар рӯи табақҳо наққошӣ мекунад", - афзуд Ташанов.

Рашид Қодиров, ки 15 сол додситони кулли Узбекистон буд, 22 феврали соли 2018 боздошт ва бо ҷурми порагирӣ, тақаллуб, фирор аз пардохти андоз, дахолат ба ҷараёни тафтишот ва қонунӣ кардани даромадҳои бо роҳи ҷиноӣ бадастомада 10 сол зиндонӣ шудааст.

Ихтиёр Абдуллоев моҳи сентябри соли 2019 бо айби ташкили ҷамъияти ҷиноӣ 18 сол аз озодӣ маҳрум гашт. Вай соли 2018 раиси хадамот таъйин шуда буд. То он замон ба ҳайси додситони кулли Ӯзбекистон ифои вазифа мекард.

XS
SM
MD
LG