Ссылки доступа

Дар Русия як воксини дигари зидди коронавирусро сабт карданд


Мақомоти Русия воксини "Спутник Лайт" - чаҳорумин воксини зидди вабои коронавирусро дар ҳудуди ин кишвар барои истифода сабт карданд.

Воксини нав компонентҳои воксини "Спутник"-ро ҳамроҳ дорад. Ба фарқ аз воксини "Спутник", воксини "Спутник Лайт" ҳамагӣ як вояро дар бар мегирад, на ду вояро, хабар медиҳанд мақомоти тиббии Русия.

Созандаи воксини нав таъсирнокии онро 79,4 дарсад унвон мекунад, дар ҳоле, ки воксини "Спутник", ба гуфтаи мақомоти Русия, 91,6 дарсад таъсирнокӣ дорад.

Александр Гинтсбург, мудири Маркази илмии ба номи Гамалеи Русия гуфт, воксини нав барои кишварҳое пешбинӣ шудааст, ки аз камбуди воксин танқисӣ мекашанд.

Барои истифодаи он дар кишварҳои хориҷӣ муҳим аст, ки онро кишварҳои дигар сабти ном кунанд. Воксини "Спутник V" айни замон дар 64 кишвар эътироф шуда, аз сӯи мақомоти тиббии Иттиҳоди Аврупо дар ҳоли омӯзиш аст. Аммо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ то кунун истифодаи воксини русиро тавсия надодааст.

XS
SM
MD
LG