Ссылки доступа

Як сартарошро дар Тошканд барои рақс бо либоси пулис 7 рӯз ҳасб карданд


Дар вилояти Тошканди Узбекистон як сартароши 21-соларо барои рақс бо либоси пулис 7 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифтанд.

Дар ин бора мақомоти пулиси Узбекистон рӯзи 5 май хабар доданд.

Ба иттилои пулиси Узбекистон, ин ҷавон рӯзи 2 май либоси кормади пулисро аз бозор харида, онро ба тан ва рақс кардааст. Ҷавон рақси худро сабт ва ба дӯстонаш ирсол кардааст ва ба ин тартиб, навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст.

Ин бори аввал нест, ки дар Узбекистон барои чунин амал ҳабси маъмурӣ таъйин мешавад. Моҳи феврали соли ҷорӣ низ Ҳасан Дустови 26-сола, сокини вилояти Сирдарёи он кишварро барои рақс бо либоси пулис 8 рӯз ҳабси маъмурӣ карда буданд.

XS
SM
MD
LG