Ссылки доступа

Ширкати ҳавопаймоии Қазоқистон мусофиркашонӣ дар масири Бишкек-Туркистонро оғоз мекунад


Мақомоти Қазоқистону Қирғизистон тасмим доранд, ки аз 31 майи имсол масири нави ҳавоиеро миёни шаҳрҳои Бишкек ва Туркистон боз кунанд. Парвозҳоро ҳавопаймоҳои ширкати "FlyArystan" ҳафтае ду бор анҷом медиҳанд.

"Фурудгоҳи байналмилалии "Манас" зикр кардааст, ки тавассути Туркистон метавон ба шаҳрҳои асосии Қазоқистон - Алмато ва Нурсултон парвоз кард.

Дар ҳоли ҳозир ҳавопаймоҳо аз шаҳри Бишкек танҳо ба шаҳрҳои Алмато ва Нурсултони Қазоқистон парвоз мекунанд.

Шаҳри Туркистон дар ҷануби Қазоқистон -- 160 километрии шаҳри Чимкент ҷойгир аст.

XS
SM
MD
LG