Ссылки доступа

Мирзиёев: донистани забони хориҷӣ барои раисони шаҳру ноҳия ва вилоятҳо ҳатмӣ мешавад


Сар аз соли оянда дар Узбекистон донистани забони хориҷӣ барои онҳое, ки ба кор қабул мешаванд ё ба мақоми нав дар идораҳои давлатӣ таъйин мегарданд, ҳатмӣ хоҳад шуд.

Ин нуктаро президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар як ҷаласаи видеоӣ бахшида ба тадбирҳои такмилсозии низоми омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар он кишвар изҳор дошт.

"Донистани забони хориҷӣ ҳангоми қабул ба кор ҳатмӣ аст. Акнун раҳбарони шаҳру ноҳия ва вилоятҳо бояд забони хориҷиро донанд", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи президенти Узбекистон, барои кормандоне, ки забони хориҷиро хуб медонанд, иловапулӣ дар ҳаҷми 20 дарсад ҷудо хоҳад шуд.

Пештар хабар дода шуд, ки Мирзиёев дар ин ҷаласа аз таъсиси Оҷонси омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар назди Девони вазирон хабар додааст.

XS
SM
MD
LG