Ссылки доступа

Блинкен: ИМА дархости кумаки низомии Украинаро баррасӣ дорад


Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен Вашингтон дархости кумаки низомии Киевро барои пешгирӣ аз таҷовузкориҳои Москва баррасӣ мекунад.

Киев аз Вашингтон низоми дифоии ҳавоӣ ва технологияҳои зиддиснайперӣ дархост кардааст. Ҳамчунин сухан аз ҷойгир кардани мушаки "Patriot" дар ҳудуди Украина меравад.

Блинкен 6 май баъди мулоқот бо мақомҳои баландпояи Украина, бахусус президент Владимир Зеленский дар Киев ба бахши украинии Радиои Озодӣ гуфт, "Вашингтон ҳоло баррасӣ дорад, ки Украина дар ҳоли ҳозир ба кадом навъи кумаки низомӣ ниёз дорад".

ИМА аз соли 2014, баъди ишғол шудани нимҷазираи Қрим аз сӯи Русия ва ҷонибдории Москва аз ҷудоихоҳон дар Донбас то ҳол ба Украина дар ҳаҷми панҷ миллиард доллар кумаки молӣ, башардӯстона ва низомӣ расондааст. Задухурдҳо дар ду вилояти шарқии Украина дар давоми 7 сол ҷони беш аз 13 ҳазор одамро рабудаанд.

Ин нахустин сафари Блинкен ба ҳайси котиби давлатии ИМА ба Украина аст, ки дар пасманзари ҷойгиршавии беш аз 100 ҳазор сарбози рус дар марз бо ин кишвар сурат мегирад. Ба гуфтаи ӯ, Русия як қисми низомиҳояшро аз марз дур кард, вале бахши бузургашон боқӣ мондаанд, ки ба амнияти Украина хатар эҷод менамоянд.

XS
SM
MD
LG